ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ СОЛИ ГУЗАШТА

Январь 14, 2010 10:39

                  Хуҷанд, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, генерал – майори милиса Рауф Юсуфов 13 январ барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти раёсат дар соли 2009 рафт. Р.Юсуфов зикр намуд, ки соли гузашта дар вилоят 3276 ҷиноят ба кайд гирифта шуд, ки аз соли 2008 – ум 122 ҷиноят зиёд мебошад. Дар баробари ин миқдори ҷиноятҳои вазнин, талаю тороҷи молу мулк, ҳодисаҳои ришвахӯрӣ то андозае кам гардид. Дар ин давра ҳаҷми кушодашавии ҷиноятҳо дар вилоят 87,1 фоиз афзуд, гуфт Р.Юсуфов.                    Соли 2009 дар натиҷаи амалиёти махсус 14 узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, 13 узви ҳизби ифротии «Ҳизби таҳрир» дастгир карда ва фаъолияти 146 узви ҷунбиши динии Салафия таҳти назорат гирифта шуд.                     Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд соли 2009 — ум 423,5 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 141 килограмм героинро мусодира карданд. Инчунин навъҳои гуногуни аслиҳа, аз ҷумла 256 адад аслиҳаи оташфишон, 5 автомати Калашников ва 12 туфангча мусодира карда шуд.

Январь 14, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад