ҶОИЗАИ «ТОҶИРИ БЕҲТАРИНИ ИДМ» ТАЪСИС ДОДА ШУД

Январь 23, 2010 12:01

                  Маскав, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ барои иштирок дар озмуни барномаҳои навоварона барои ба даст овардани ҷоизаҳо таҳти унвони «Тоҷири беҳтарини ИДМ» то 26 феврали соли 2010 ариза қабул мекунад. Натиҷаҳои даври аввали озмун моҳи марти соли 2010 ҷамъбаст карда хоҳад шуд.                     Ҷоизаи мазкур ба корхонаю муассисаҳои мамлакатҳои узви ИДМ новобаста ба шакли моликият ва маҳалли расман ба қайд гирифта шуданашон, инчунин ба шахсони воқеӣ дода мешавад, ки дар рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии мамлдакатҳои ИДМ саҳми калон гузоштаанд.                     Ҷоизаи мазкур дар бахшҳои «Пешсафи ҳамкории иқтисодӣ» дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сӯзишворию энергетика, нақлиёт, сохтмон, ҳамкории бонкҳо, соҳаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, электронӣ, дорусозӣ, кишоварзию саноатӣ ва ғайра, «Мусоидат ба рушди бозори умумии ИДМ», «Барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва кооператсия», «Барои мусоидат ба такмилу таҷдиди соҳаи иҷтимоӣ», «Барои гузоштани саҳм дар рушди ҳамкории илмӣ» ва «Барои гузоштани саҳм дар рушди ҳифзи ҳуқуқии тиҷорат» дода хоҳад шуд.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Анҷумани тиҷоратии давлатҳои ИДМ Елена Короткова хабар дод.

Январь 23, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд