ҶОИЗАИ «ТОҶИРИ БЕҲТАРИНИ ИДМ» ТАЪСИС ДОДА ШУД
Маскав, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ барои иштирок дар озмуни барномаҳои навоварона барои ба даст овардани ҷоизаҳо таҳти унвони «Тоҷири беҳтарини ИДМ» то 26 феврали соли 2010 ариза қабул мекунад. Натиҷаҳои даври аввали озмун моҳи марти соли 2010 ҷамъбаст карда хоҳад шуд. Ҷоизаи мазкур ба корхонаю муассисаҳои мамлакатҳои узви ИДМ новобаста ба шакли моликият ва маҳалли расман ба қайд гирифта шуданашон, инчунин ба шахсони воқеӣ дода мешавад, ки дар рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии мамлдакатҳои ИДМ саҳми калон гузоштаанд. Ҷоизаи мазкур дар бахшҳои «Пешсафи ҳамкории иқтисодӣ» дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сӯзишворию энергетика, нақлиёт, сохтмон, ҳамкории бонкҳо, соҳаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, электронӣ, дорусозӣ, кишоварзию саноатӣ ва ғайра, «Мусоидат ба рушди бозори умумии ИДМ», «Барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва кооператсия», «Барои мусоидат ба такмилу таҷдиди соҳаи иҷтимоӣ», «Барои гузоштани саҳм дар рушди ҳамкории илмӣ» ва «Барои гузоштани саҳм дар рушди ҳифзи ҳуқуқии тиҷорат» дода хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Анҷумани тиҷоратии давлатҳои ИДМ Елена Короткова хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






