153 МЛН. СОМОНӢP ЗАРАР МУАЙЯН КАРДА ШУД

Январь 21, 2010 10:34

                    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии прокуратураи генаралӣ, соли 2009 чун соли муваффақиятҳои касбӣ барои кормандони соҳа дониста шуд.                     Дар натиҷаи гузаронидани 6181 санҷишхои прокурорӣ 153 млн. сомонӣ зарари аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ ба давлат расонидашуда муайян карда шудааст. Дар айни ҳол 89 млн. зарари расонидашуда ба буҷаи ҷумҳурӣ баргардонида шуд.                      Бино ба иттилои ҳамин манба, соли 2009 беш аз 12 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008 6,8 фоиз зиёд аст. Шумораи ҷиноятҳо вобаста ба куштор (131 ҳодиса), ҷиноятҳо бо истифода аз яроқи оташфишон (57 ҳодиса) ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (670 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.                     Дар соли 2010 корҳои пешгирии ҷиноятҳо ба нақшаи кории кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура дохил карда мешавад, ки ин боиси кам шудани ҷинояткорӣ дар соли 2010 хоҳад шуд,- иброз дошт прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов.

Январь 21, 2010 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид