2 МИЛЛИОНУ 600 ҲАЗОР СОМОНИРО ТАСАРРУФ КАРДАНД

Январь 25, 2010 11:08

                  Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 26 январи соли ҷорӣ соати 10:00 дар бинои марказии Агентӣ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО оид ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.                     Вобаста ба ҷиноятҳои молиявии аз ҷониби кормандони Агентӣ ошкоршуда иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз имтиёзҳои хизматӣ ба боварии раиси шӯъбаи Бонки «Эсхата» дар ш. Панҷакент Баҳриддинов Мероҷ даромада, аз ӯ барои рӯпуш намудани камомадашон ҳангоми санҷиш муваққатан 2 мил. 600 ҳазор сомонӣ мепурсанд ва ӯро фиреб дода, бовар мекунонанд, ки баъди ба анҷом расидани санҷиш мабалағи мазкурро бар мегардонанд.                    Баҳриддинов М. ба суханони шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллӣ дар ш.Панҷакент бовар карда, ба суратҳисоби ин бонк маблағи 2 мил. сомониро гузаронидааст. Ғайр аз ин шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии ш.Панҷакент бо истифода аз боварии Баҳриддинов М. ба воситаи ӯ аз суратҳисоби Ташкилоти амонатии кредитии хурди «Суруши Мероҷ», ки муассиси он Баҳриддинов М. мебошад, маблағи 600 000 сомониро бо роҳи фиреб барои рӯпуш намудани камомади бонки шӯъбаи Бонки миллӣ дар ш.Панҷакент гирифтаанд.                     Ҳамин тариқ, шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маблағи 2 мил. 600 000 сомониро аз Баҳриддинов М. тасарруф намуда, ба ӯ ба маблағи махсусан калон зарари молиявӣ расониданд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Январь 25, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд