2 МИЛЛИОНУ 600 ҲАЗОР СОМОНИРО ТАСАРРУФ КАРДАНД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 26 январи соли ҷорӣ соати 10:00 дар бинои марказии Агентӣ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО оид ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ҷиноятҳои молиявии аз ҷониби кормандони Агентӣ ошкоршуда иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз имтиёзҳои хизматӣ ба боварии раиси шӯъбаи Бонки «Эсхата» дар ш. Панҷакент Баҳриддинов Мероҷ даромада, аз ӯ барои рӯпуш намудани камомадашон ҳангоми санҷиш муваққатан 2 мил. 600 ҳазор сомонӣ мепурсанд ва ӯро фиреб дода, бовар мекунонанд, ки баъди ба анҷом расидани санҷиш мабалағи мазкурро бар мегардонанд. Баҳриддинов М. ба суханони шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллӣ дар ш.Панҷакент бовар карда, ба суратҳисоби ин бонк маблағи 2 мил. сомониро гузаронидааст. Ғайр аз ин шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии ш.Панҷакент бо истифода аз боварии Баҳриддинов М. ба воситаи ӯ аз суратҳисоби Ташкилоти амонатии кредитии хурди «Суруши Мероҷ», ки муассиси он Баҳриддинов М. мебошад, маблағи 600 000 сомониро бо роҳи фиреб барои рӯпуш намудани камомади бонки шӯъбаи Бонки миллӣ дар ш.Панҷакент гирифтаанд. Ҳамин тариқ, шахсони мансабдори шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маблағи 2 мил. 600 000 сомониро аз Баҳриддинов М. тасарруф намуда, ба ӯ ба маблағи махсусан калон зарари молиявӣ расониданд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






