2009 – СОЛИ АФЗОИШИ ҶИНОЯТ?

Январь 11, 2010 16:28

                 Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми соли 2009 ба судҳои ҷумҳурӣ 8 ҳазору 564 адар парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 440 адад зиёд аст. Сабаби афзудани парвандаҳо боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар мебошад», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ 11 январ, раиси Шӯрои адлияи ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён.                    Ӯ афзуд, ки дар ин давра аз тарафи судҳои ҷумурӣ 22.982 мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки нисбат ба соли 2008-ум 8 маротиба зиёд аст.                     «Дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ дар соҳа дар соли 2009 мавҷуд буданд. Аз ҷумла, саривақт иҷро нагардидани баррасии парвандаҳо, қабули қарорҳои ғайриқаноатбахш ва амсоли инҳо, ки бевосита ба рушди мунтазами фаъолияти судӣ монеа мешаванд», — идома дод Ш. Шоҳиён.                      Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 ҷиҳати роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ бо қарори Коллегияи тахассусии судяҳои назди Шӯрои адлияи ҶТ нисбат ба 28 нафар судяҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, 1 нафар судя бо ҷурми гирифтани ришва ва 16 нафар судяи дигар бо сабаби фаъолияти ғайриқаноатмандашон аз вазифа озод карда шуданд.  

Январь 11, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд