417 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА

Январь 19, 2010 12:32

                   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барои беҳтар кардани вазъи муҳити зист ва барқарор кардани зарарҳои ба табиат расонидаи корхонаю идора, вазорату муассисаҳо зиёда аз 21 ҳазор супоришҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки 71 фоизи онҳо иҷро гардид ,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров зимни пешниходи савол, ба мухбири АМИТ «Ховар».                     Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои экологӣ ба 6193 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 417,1 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ба замми ин, зарари ба табиат расонидаи 1945 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки 108,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, пурра рӯёнида шудааст.                     Кумита дар доираи салоҳияти худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 61 маводро дар ҳаҷми 1 млн. 185 ҳазор сомонӣ пешниҳод намуд, ки маблағи зарар дар ҳаҷми 224,7 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Январь 19, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид