А.АБДУМАННОНОВ: «БАРНОМАҲОИ АСИЛ НАДОРЕМ»

Январь 15, 2010 11:21

                    Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — «Дар ҳақиқат, ҳангоми баррасии мавзӯи бунёди НБО «Роғун» ҳайати эҷодии телевизиони тоҷик аз ҳадди маъмулӣ берун мешаванд, ки ин дар навбати худ барномаҳоро дилбазан мекунад, бинобар ҳамин муносибат ба таҳияи барномаҳоро бояд тағийр дод», — гуфт муовини аввали Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов.                    Имрӯз дар толори Хонаи Радио бо иштироки роҳбарият, мутассаддиён, сармуҳаррирон ва мудирони шӯъбаҳои эҷодии Кумитаи давлатии телевизион ва радио барои хабарнигорони хориҷиву ватанӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи мазкур дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                    Ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ: «Чаро дар филми «Қавлу амал», ки рӯзҳои 2-5 январи соли ҷорӣ намоиш дода шуд боз ҳам наворҳои ҳодисаҳои даҳшатбори соли 1992 истифода шуданд?», А.Абдуманнонов посух дод, ки мо наметавонем таърихро дигар кунем, он чизеро намоиш медиҳем, ки воқеъ шудаву сабт гардидааст ва ҳарчанд наворҳои филм ба гурӯҳе маъқул нашуда бошад, мактубҳои зиёде низ дар бораи такроран намоиш додани филм ба дасти мо расидаанд».                    «Мутаассифона, рӯзноманигорон гумон мекунанд, Кумитаи телевизион ва радио барои фаъолият кардани радио ва телевизионҳои хусусӣ ба таври сунъӣ монеа мегузошта бошад. Барои гирифтани иҷозатнома шарт ва талабҳои муайян пеш гузошта мешаванд, аз ҷумла, бояд муассиси радио ва телевизиони хусусӣ шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ягон ташкилоту созмони хориҷӣ ва шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқи маблағгузории радио ва телевизионҳои хусусиро надоранд. Ҳамчунин таҷҳизоти техникие, ки радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ истифода бурданӣ ҳастанд, бояд замонавӣ, муосир бошанд, маълумотҳо дар бораи аз куҷо харидорӣ шудани онҳо пешниҳод карда шавад, қароргоҳи радио ва телевизион ба талаботҳои муқаррарӣ ҷавобгӯ бошанд. Ин шарт ва талабҳоро на Кумитаи телевизион ва радио, балки қонунгузории ҷумҳурӣ муайян кардааст».                     «Барномаи телевизиони Якуми Русия (собиқ ОРТ) барои фаъолият кардан дар ҳудуди Тоҷикистон иҷозатнома надорад, онҳо метавонанд танҳо дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201 барои хизматчиёни худ барнома пахш кунанду халос. Ба ин масъала обуранги сиёсӣ додан нашояд».                     Ба суоли мухбири АМИТ «Ховар», ки чаро Шабакаи аввал ва телевизони Сафина мисли дигар шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ ба таври шабонарӯзӣ барнома пахш намекунанд, А.Абдуманнонов ҷавоб доданд, ки агар имкониятҳои техникӣ ва молӣ аз як тараф сабаби таҳия нашудани барномаҳои шабонарӯзӣ бошанд, ҳунар ва маҳорати ками ҳайати эҷодӣ сабаби дигари пахш нашудани барномаҳои шабонарӯзӣ мебошад. «Телерадиожурналистони имрӯза ҷидду ҷаҳд ва саъйу кӯшиш барои боло бурдани сатҳи касбии худ намекунанд. Бинобар ҳамин барномаҳои асил таҳия ва пешкаши бинандагон намешаванд. Мо метавонем, бо филмҳо ва консертҳо пахши барномаҳои шабонарӯзиро ба роҳ монем, аммо ба ин ҳоҷат нест», гуфт А.Абдуманнонов.

Январь 15, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст