А.МИРХОҶА: «НИГОҲИ «НИГОҲ» БОЯД БЕҒУБОР БОШАД…»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз дар бинои маъмурии Роҳи оҳани тоҷик барои хабарнигорони расонаҳои хабарӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани тоҷик нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж»: «Ба назарпурсии ҳафтаномаи «Нигоҳ», дар бораи вазирону роҳбарони муваффақу ғайри муваффақи Ҳукумати Тоҷикистон Шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?», раиси корхонаи Роҳи оҳани тоҷик Амонулло Ҳукумов ҷавоб дод, ки «Соли 2002 вақте, ки маро раиси ин корхона таъин карданд, Роҳи оҳани тоҷик дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА, аз ҷумла аз идораҳои Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия қарздор буд, коргарону кормандон муддати 8 моҳ маош нагирифта буданд, корхона дар марзи муфлисшавӣ қарор дошта имконияти пурра ба ғорат рафтани он мавҷуд буд. Мо тавонистем, ки дар муддати се сол ҳамаи қарзҳои мавҷударо бо фоизҳояш баргардонем. Даромади софи корхона дар соли 2009 75 миллион сомониро ташкил дод, гузашта аз ин ҳоло дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсоливу саноатии ватаниву хориҷӣ дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА аз корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани тоҷик қарздоранд, чунончӣ Роҳи оҳани Русия 32 мил доллар, роҳи оҳани Ӯзбекистон 6,6 мил доллар аз мо қарздор мебошанд. Айни ҳол, ягон корхонаву муассиса мисли роҳи оҳани Тоҷикистон корхонаи даромаднок ва беқарз намебошад». Вобаста ба саволи дар боло зикршуда, ҳамчунин корманди маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат Ато Мирхоҷа баромад карда дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор кард, ки «Нигоҳи «Нигох» бояд тоза ва беғубор бошад». Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар»: «Сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба воситаи минтақаи Рашт дар кадом ҳолат қарор дорад?», ҷавоб дода шуд, ки «Сохтмони ин роҳ танҳо дар нақша мебошад ва ҳоло ягон гуна корҳо дар ин самт бурда нашудаанд». Ҳамчунин, ба суоли дигар оид ба фаъолияти Роҳи оҳани Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Роҳи оҳани самти Кӯлоб ва вокзали ин шаҳр камтар аз 10 фоизи имкониятҳои худро истифода мебаранду тамом. Танҳо дар сурати пурра кушода шудани шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин корхонаи роҳи оҳан дар шаҳри Кӯлоб метавонад даромадҳои калони моливу пулӣ ба даст орад. Дар нишасти матбуотӣ доир ба ҳаҷми борҳои интиқолшуда ба воситаи роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ва ҳамлу нақли борҳои онҳо ба воситаи роҳи оҳани Тоҷикистон, зарар ва манфиати ҷонибҳо аз интиқоли борҳои транзитӣ, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳалли онҳо, имконияти сохтани корхонаи истеҳсоли вагонҳои қатора ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






