АГЕНТИИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ БА ҶАНГ ЧӢ ДАХЛ ДОШТ?

Январь 18, 2010 12:15

                  Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз, дар толори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва муошират вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                    Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарӣ аз вазъи нигаронкунандаи сифати хонаҳои истиқоматӣ, гарон будани нархи манзили зист дар ш.Душанбе, сохтмони нотамоми аквапарк, ҳолати берунии хонаҳои истиқоматии дар шафати роҳи протоколӣ ҷойгирбуда, бунёд шудан ва ё нашудани гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар чорроҳаҳои серодам, тартиби гирифтани иҷозатнома барои сохтмон ва дигар масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба Агентии сохмон ва меъморӣ пурсон шуданд. Аз ҷумла, ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар хусуси он, ки дар давоми солҳои истиқлолият кадом бинои боҳашамат, ки боиси ифтихори умумимиллӣ бошад, бунёд шудаанд, Комилов Абдувалӣ ҷавоб доданд, ки «Мо то соли 2003 ба бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ машғул будем ва танҳо аз соли 2003 ба корҳои ободонӣ даст задем…(!?)» ва илова карданд, ки Қасри миллат, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи ботаникӣ, биноҳои замонавӣ дар ш. Кӯлоб ва пас аз сохта ба истифода додан дар ояндаи наздик Китобхонаи миллӣ, Чойхонаи миллӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият буда метавонанд.                  «Дар замони шӯравӣ дар ҳайати вазорати сохтмон 12 трести сохтмонӣ фаъолият мекард, ки онҳо раёсату муассисаҳои гуногуни сохмониро муттаҳид карда амалиётиҳои сохтмониву тиҷоратӣ аз тарафи ин трестҳо идора карда мешуданд», — гуфт А.Комилов.                    Айни ҳол, андовагарон ҷудо, устоҳои бомпӯш ба таври алоҳида иҷозатномаи фаъолият доранд, гузашта аз ин ширкатҳое, ки барои сохтмон иҷозатнома мегиранд, бештар бо техникаи иҷора фаъолият мебаранд, ки ин дар навбати худ ба гарон шудани нархи сохтмон оварда мерасонад.                      Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ноҳияҳои Балҷувон, Ҳисор, Дарбанд, Шаҳринав, шаҳраки Поршнев бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуда, таҳияи нақшаи генералии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол идома доранд, — қайд гарда шуд дар нишасти матбуотӣ.

Январь 18, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард