АНҶОМИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ СОХТМОНИ РОҲИ ШОҲОН-ЗИҒАР

Январь 20, 2010 14:54

                   Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» 78 нафар ё 80 фоиз коргарони маҳаллӣ кор мекунанд, ки ин яке аз талабҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба лоиҳаҳои татбиқшавандаи ҷумҳурӣ мебошад.                     Роҳбари лоиҳаи мазкур Исмоил Шоқулов зикр намуд, ки мӯҳлати сохтмони марҳилаи дуюм мувофиқи нақша 22 моҳ муайян гардида, мувофиқи шартнома корҳои сохтмонӣ якуми декабри соли 2007 оғоз карда шуда, то январи соли 2010-ум 98 % корхои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. То охири моҳи январи соли чорӣ анҷомёбии сохтмони роҳи мазкур дар назар аст.                     Гуфтанист, ки ҳаҷми корҳои сохтмонии лоиҳа асосан корҳои заминӣ ва таркишкорӣ, аз ҷумла сохтмони як адад пул (32 м), васл ва хобондани қубурҳои обгузару обпарто 20 адад, сохтмони деворҳои ҳимоявии роҳ, корҳои бетонӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Дарозии роҳи сохташаванда 9,75 км ва паҳнои таҳкурсии роҳ 9 метр мебошад.                      Маврид ба ёдоварист, ки арзиши умумии ин лоиҳа 15,9 миллион доллари ИМА буда, 13,77 миллион доллари ИМА қарзи Бонки исломии рушд ва 2,13 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 

Январь 20, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид