АНВОРӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Январь 12, 2010 16:18

                    Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 январ бо давъати вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати 8 нафараи Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии сарпарасти кулли Кумитаи мазкур Ҳусайн Анворӣ ба Душанбе меояд.                    Дар назар аст, ки Ҳусайн Анворӣ зимни сафари се рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва муовини Раиси шаҳри Душанбе дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни мақомоти марбутаи ҳар ду кишвар баррасӣ менамояд.                     Инчунин, Ҳусайн Анворӣ дар конфронси байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Аҳамияти рушди худишғолӣ дар ҳимояи хонаводаҳои ниёзманд» баргузор мегардад, иштирок намуда, дар маросими ифтитоҳи коргоҳи сангтарошӣ, ки дар Душанбе ташкил карда мешавад, ширкат менамояд.

Январь 12, 2010 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд