АНВОРӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 январ бо давъати вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати 8 нафараи Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии сарпарасти кулли Кумитаи мазкур Ҳусайн Анворӣ ба Душанбе меояд. Дар назар аст, ки Ҳусайн Анворӣ зимни сафари се рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва муовини Раиси шаҳри Душанбе дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни мақомоти марбутаи ҳар ду кишвар баррасӣ менамояд. Инчунин, Ҳусайн Анворӣ дар конфронси байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Аҳамияти рушди худишғолӣ дар ҳимояи хонаводаҳои ниёзманд» баргузор мегардад, иштирок намуда, дар маросими ифтитоҳи коргоҳи сангтарошӣ, ки дар Душанбе ташкил карда мешавад, ширкат менамояд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






