АНВОРӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Январь 13, 2010 08:40

                  Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 январ бо давъати вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати 8 нафараи Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии сарпарасти кулли Кумитаи мазкур Ҳусайн Анворӣ ба Душанбе меояд.                    Дар назар аст, ки Ҳусайн Анворӣ зимни сафари се рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва муовини Раиси шаҳри Душанбе дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни мақомоти марбутаи ҳар ду кишвар баррасӣ менамояд.                      Инчунин, Ҳусайн Анворӣ дар конфронси байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Аҳамияти рушди худишғолӣ дар ҳимояи хонаводаҳои ниёзманд» баргузор мегардад, иштирок намуда, дар маросими ифтитоҳи коргоҳи сангтарошӣ, ки дар Душанбе ташкил карда мешавад, ширкат менамояд.

Январь 13, 2010 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид