АНВОРӢ ДАР ДУШАНБЕ ДАРИ ОМӮЗИШГОҲИ САНГТАРОШИРО БОЗ МЕНАМОЯД

Январь 5, 2010 16:50

                 Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе омӯзишгоҳи сангтарошӣ дари худро ба рӯи ҷавонони оилаҳои ниёзманд боз менамояд. Омӯзишгоҳи мазкур дар асоси қарордоди байни намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки дар маросими расмии ифтитоҳи он Раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон Ҳусайн Анворӣ ва дигар намояндагони идораҳои марбутаи Тоҷикистон иштирок менамоянд.                   Назар ба иттилои раҳбари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ омӯзишгоҳи мазкур дар асоси қарордод муддати 10 сол фаъолият намуда, баъдан тамдид карда мешавад. Дар як давраи он 20 ҷавон дар муддати се моҳ бо кӯмаки устодон нозукиҳои ҳунари сангтароширо аз бар менамоянд.                    Сайидҷаводи Разавӣ гуфт, ки устодони омӯзишгоҳи сангтарошӣ ва тамоми дастгоҳҳои сангтарошӣ аз Эрон оварда шудаанд. Сангҳо бошад аз дохили Тоҷикистон дастрас карда мешаванд.                     Дар ояндаи наздик ифтитоҳи чунин омӯзишгоҳ дар дигар минтақҳои Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Ифтитоҳи омӯзишгоҳи сангтарошӣ барои фарзандони хонаводаҳои ниёзманди тоҷик имкон медиҳад, ки ҳунари қадимаи аҷдодиашонро аз бар намуда, шароити рӯзгори худро беҳтар намоянд.

Январь 5, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд