АРЗОНТАРИН ЯРМАРКА ДАР РОҒУН

Январь 7, 2010 11:42

                   Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ С. Маҳмадиев, кормандони вазорати мазкур барои гузаронидани ярмаркаи навбатӣ тайёрӣ мебинанд. Ба гуфти иштирокчиёни ярмаркаи солинавӣ, арзонтарин ярмарка дар соли 2009 ярмаркаи Вазорати кишоварзӣ будааст, ки 31 –уми декабри соли 2009 дар шаҳри Роғун доир гардида буд.                    — Мо чунин ярмакаро, ки барои коргарони нерӯгоҳи барқи обӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ дар шаҳри Роғун аз ҷониби муттасадиёни Вазорати кишоварзӣ доир гардид, дар фасли тобистон ҳам надида будем, — иброз дошт кафшергар Шодӣ Давлатёрови ваҳдатӣ, ки дар ин иншооти бузург кору фаъолият дорад.                   — Мо аз ярмака гӯштро бо нархи 12 сомонӣ, картошкаро бо нархи 60 дирам, карам- 40, сабзӣ-30, турб-30, каду -40 ва шалғамро 20 дирам, мевагиро на зиёда аз 2 сомонӣ харидорӣ намудем, аз ҳама муҳимаш, як халта ордро бо нархи на зиёда аз 65 сомонӣ аз ярмаркаи солинавӣ ташкил кардаи вазорат харидорӣ намудем, барои ҳамаи онҳое, ки бароямон чунин шароитро муҳайё сохтаанд ҳазорон ташаккур, — гуфт сардори нақбканон Фозил Ҳайдаров ба мухбириАМИТ «Ховар».

Январь 7, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд