АВВАЛИН КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВАНҶ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Бар асари заминҷунбии пай дар пай дар ноҳияи Ванҷ тибқи маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҶТ, 1019 хона зарар дида, аз он 134 хона пурра аз истифода баромадаст. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ МГ ҶТ)Дустмурод Забиров иттилоъ дод, рӯзи 6 январ аз тарафи КҲФ МГ ҶТ 50 адад хаймаи гарм (зимистонӣ), аз тарафи Ҳукумати ҶТ орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ёрии гуманитарӣ фиристонида шуд. Инчунин аз тарафи ташкилоти хориҷии Ҷамъияти ҳамкориҳои техникии Олмон 486 адад хайма – фарш, 419 адад рӯйпӯшҳои гарм, 1000 ҷуфт ҷӯробҳои гарм барои калонсолон ва 1000 ҷуфт ҷӯробҳои гарм барои кӯдакон кӯмак расонида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






