АЗ 55 ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ БА 240 ВА …?
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ҷонишини директори «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов, «Узтрансгаз» қимати газро барои ҶТ муайян накардааст. Боис ба ёдоварист, ки ҳанӯз охири декабри соли 2009 миёни роҳбарони «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» барои дар соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани 250 млн. метри кубӣ газ шартнома ба имзо расонида шуд, аммо то имрӯз қимати гази ба ҶТ интиқолшаванда муайян нашудааст. Ёдовар мешавем, ки дар давоми 3 соли охир — (2007 — 2009) аз ҷониби «Узтрансгаз» кимати газ барои ҶТ аз 55 доллари амрикоӣ ба 240 доллар боло бурда шуда, интиқоли газ дар як шабонарӯз аз 480 ҳазор метри кубӣ то ба 336 ҳазор метри кубӣ кам карда шудааст, ки он боиси маҳдуд кардани интиқоли газ дар ҷумҳурӣ ба аҳолӣ гардидааст. Корхонаҳои калонтарини кишвар – заводи алюминӣ, корхонаи сементбарорӣ ва Маркази гармидиҳӣ ҳамчунин бо маҳдудият бо газ таъмин мешаванд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон принсипи пешпардохти газро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки алҳол чунин имкониятро ҷумҳурӣ надорад,- мегӯяд ҷонишини директори «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






