АЗ 55 ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ БА 240 ВА …?

Январь 15, 2010 10:13

                 Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ҷонишини директори «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов, «Узтрансгаз» қимати газро барои ҶТ муайян накардааст.                  Боис ба ёдоварист, ки ҳанӯз охири декабри соли 2009 миёни роҳбарони «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» барои дар соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани 250 млн. метри кубӣ газ шартнома ба имзо расонида шуд, аммо то имрӯз қимати гази ба ҶТ интиқолшаванда муайян нашудааст.                  Ёдовар мешавем, ки дар давоми 3 соли охир — (2007 — 2009) аз ҷониби «Узтрансгаз» кимати газ барои ҶТ аз 55 доллари амрикоӣ ба 240 доллар боло бурда шуда, интиқоли газ дар як шабонарӯз аз 480 ҳазор метри кубӣ то ба 336 ҳазор метри кубӣ кам карда шудааст, ки он боиси маҳдуд кардани интиқоли газ дар ҷумҳурӣ ба аҳолӣ гардидааст.                  Корхонаҳои калонтарини кишвар – заводи алюминӣ, корхонаи сементбарорӣ ва Маркази гармидиҳӣ ҳамчунин бо маҳдудият бо газ таъмин мешаванд.                   Ҷумҳурии Ӯзбекистон принсипи пешпардохти газро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки алҳол чунин имкониятро ҷумҳурӣ надорад,- мегӯяд ҷонишини директори «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов.

Январь 15, 2010 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид