АЗ МАНСАБИ ДАВЛАТӢ БАРКАНОР ШУДАНД
Душанбе, 23 январ (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи сармеъмори пойтахт Сангмаҳмад Тиллоевро бо сабаби роҳ додан ба хатогиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва майдонҳои сохтмонӣ аз мансаби ишғолкардааш барканор кард. Ҳамчунин, сардори бозрасии давлатӣ оид ба назорати сохтмон ва меъморӣ Валимадов А. низ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз вазифа озод карда шуд. Айни ҳол ба ҷойи ин шахсон касе таъин нашудааст. Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе Баҳром Маҳмадалиев бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти пойтахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






