АЗ МАНСАБИ ДАВЛАТӢ БАРКАНОР ШУДАНД

Январь 23, 2010 09:44

                     Душанбе, 23 январ (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи сармеъмори пойтахт Сангмаҳмад Тиллоевро бо сабаби роҳ додан ба хатогиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва майдонҳои сохтмонӣ аз мансаби ишғолкардааш барканор кард. Ҳамчунин, сардори бозрасии давлатӣ оид ба назорати сохтмон ва меъморӣ Валимадов А. низ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз вазифа озод карда шуд. Айни ҳол ба ҷойи ин шахсон касе таъин нашудааст. Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе Баҳром Маҳмадалиев бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд.                      Дар ин бора аз маркази матбуоти пойтахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Январь 23, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар