БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗАМИНЛАРЗАИ ВАНҶ КӮМАК АЗ ТҶММ

Январь 27, 2010 12:04

                   Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре, ки тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон иттилоъ доранд, санаи дуюми январи соли равон дар ноҳияи Ванҷ ҳодисаи замин ҷунбӣ рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо хонаи истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ осеб диданд.                      Кумитаи Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиаи (ТҶММ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар тамоми қаламрави кишвар нахустин шуда, ҳамчун нишони хайрхоҳии ватандӯстона ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ дасти кӯмак дароз намуданд.                       Кӯмаки мазкур аз 9200 сомонӣ маблағи хайриявӣ ва маводи озуқа иборат буда, дар фароҳамсозии он созмонҳои мудофиавии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказу шаҳри Душанбе саҳм гузоштанд. Ҳамчунин Кумитаи вилоятии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали рух додани ҳодисаи заминҷунбӣ ба осебдидагон кӯмаки фаврӣ расонида буд.  

Январь 27, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд