БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗАМИНЛАРЗАИ ВАНҶ КӮМАК АЗ ТҶММ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре, ки тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон иттилоъ доранд, санаи дуюми январи соли равон дар ноҳияи Ванҷ ҳодисаи замин ҷунбӣ рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо хонаи истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ осеб диданд. Кумитаи Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиаи (ТҶММ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар тамоми қаламрави кишвар нахустин шуда, ҳамчун нишони хайрхоҳии ватандӯстона ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ дасти кӯмак дароз намуданд. Кӯмаки мазкур аз 9200 сомонӣ маблағи хайриявӣ ва маводи озуқа иборат буда, дар фароҳамсозии он созмонҳои мудофиавии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказу шаҳри Душанбе саҳм гузоштанд. Ҳамчунин Кумитаи вилоятии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали рух додани ҳодисаи заминҷунбӣ ба осебдидагон кӯмаки фаврӣ расонида буд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






