БЕМОРХОНАИ ХУСУСӢ
Рӯшон, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). – «Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Бадахшон эътибори ҷиддӣ медиҳад», — гуфт сардори Раёсати тандурустии вилоят Пайкармо Алиёрова ба мухбири АМИТ «Ховар». Мувофиқи иттилои ӯ, дар рӯзҳои нахусти соли нави мелодӣ Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба беморхонаи музофотии Сипонҷи ноҳияи Рӯшон мошинаи нави «ёрии таъҷилӣ» тӯҳфа кард. Ҳамчунин, дар давоми сол бунёди биноҳои нави беморхонаҳои касалии сил ва таваллудхона дар шаҳри Хоруғ оғоз мегардад. Дар музофотҳо бошад 7 Хонаи саломатӣ пурра таъмир карда мешаванд. Дар ноҳияи Рӯшон хоҳарон-духтурон Майрам ва Муродбегим Алиназароваҳо ният доранд, беморхони хусусӣ кушода барои мизоҷон пешкаш кунанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






