БИРЖАИ МЕҲНАТИИ ҶАВОНОН ҲАМАРӮЗА 40-50 НАФАРРО БА КОР ТАЪМИН МЕНАМОЯД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо кор таъмин намудани ҷавонон, рушди соҳибкорӣ, дастгирии иҷтимоии ҷавонони камбизоату бенаво яке аз самтҳои фаъолияти Кумита маҳсуб меёбад, қайд намуд дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Баҳри бо кор таъмин намудани ҷавонон Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ давоми сол 12 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор намуда, бекоронро ба ҷои кори муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин намудааст. Дар натиҷа 2512 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гаштанд. Дар ярмаркаҳо 3880 кас ширкат варзида, 210 нафар ба корҳои доимӣ дар дохили кишвар роҳхат гирифтанд, 82 нафар ба курсҳои омӯзишӣ равон карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар назди Биржа айни замон Маркази доимоамалкунандаи иттилоотӣ оид ба ҷойҳои кори холӣ фаъолият менамояд. Марказ дар худ оид ба 1250 ҷои кори холӣ маълумот дошта, ҳамарӯза ба 40-50 нафар бекорон оид ба кор таъмин намудан хизмат мерасонад.