БО ИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТҲОИ МАНСАБӢ, РӮ БА ҶИНОЯТ ОВАРД

Январь 8, 2010 10:07

                   Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шӯъбаи пешгирии Агентии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки директории ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ниёз» Саидов Нурмаҳмад Ниёзмаҳмадович бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ тибқи ордери хароҷотии хазинавии рақами 657 аз 18 –уми ноябри соли 2005 аз номи сардори шӯъбаи комплекси ҶСНК «Водоканалпроект» Низомиддинов Парвиз барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ маблағи ба миқдори 23 ҳазору 356 сомонӣ гирифташударо қисман (12356 сомонӣ) ба хазинаи ҶСНК «Водоканалпроект» насупорида, онро аз они худ намудааст.                   Кормандони Агентӣ нисбати Н. Н. Саидов аз рӯи моддаи 245 қ. 2 (азонихудкунӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтиш мебаранд.   

Январь 8, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд