БОНКИ МИЛЛӢ: 2558 МЛН. СОМОНӢ ЗАХИРАИ ПУЛӢ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар давоми соли 2009-ум 3578,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008-ум 23,5 фоиз кам аст. Ин нуқтаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода 25 январ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки аз ҷумла содирот ба 1010 миллион доллари ИМА ва воридот ба 2568,7 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки камшавии он 28,2 фоиз ва 21,4 фоизро ташкил дод. Касри тавозуни савдо – 1558,7 миллион даллари ИМА буда, камшавии камшавиаш нисбат ба соли 2008-ум 16,4 фоиз мебошад. Раиси Бонки миллӣ ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, иттилоъ дод, ки захираҳои пулии БМТ 2558 миллион сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2008-ум 37,8 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда ба 2041,3 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2008-ум 30,3 фоиз афзудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






