БОНКИ РУШДИ ОСИЁ ЖУРНАЛИСТОНРО БА ТОШКАНД ДАЪВАТ МЕКУНАД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Маҷлиси навбатии ҳарсолаи 43 – юми Бонки рушди Осиё аз 1 то 4 майи соли 2010 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Бонк намояндагони воситаҳои ахбори оммавиро даъват менамояд, ки дар ин маҷлис ширкат варзанд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ то 19 апрел ба қайд гирифта мешаванд. Аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлиси имсола қариб 3 ҳазор нафар, аз ҷумла, сарони ҳукуматҳо, намояндагони бонкҳои марказӣ, вазирон, намояндагони сектори хусусӣ, олимон ва коршиносон ширкат хоҳад варзид. Дар маҷлис ҷараёни амалӣ сохтани барномаи стратегии Бонки рушди Осиё барои давраи то соли 2020 баррасӣ карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки қароргоҳи марказии Бонки рушди Осиё дар Манила ҷой дода шудааст. Ҳадафи фаъолияти бонк кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором бо роҳи таъмини пешрафти иқтисодӣ, экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Айни ҳол 67 мамлакат аъзои Бонки рушди Осиё аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






