БОЗ ЯК ҶИНОЯТИ ВАЗНИН ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як далели куштори бераҳмонаи ноболиғ ба қайд гирифта шуд. Айни замон аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии рақами 1, ноҳияи Сино ва бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе як нафар гумонбар дастгир карда шудааст. Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии рақами 1 ноҳияи Сино дар таҳхонаи бино воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ шаҳрванд «С.», ки номаш барои халал ворид насохтан ба рафти тафтишот оварда намешавад, соли таваллудаш 1991, ки бо роҳи зӯроварӣ ба қатл расонда шудааст, дарёфт шуд. Алҳол аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии рақами 1, ноҳияи Сино гурӯҳи фаврӣ — ҷустуҷӯии барои муайян кардани ҷинояткор ва шахсияти мақтул ташкил дода шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






