БУРДУ БОХТИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 18, 2010 11:39

                 Хуҷанд, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 16 январ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, намояндагони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои қисмати шимолии мамлакат, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятию ҳизбҳо иштирок доштанд.                 Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти минтақа дар соли 2009 ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2010 муайян карда шуданд.                   Муовини аввали раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов дар бораи натиҷаҳои соли 2009 маърӯза карда, зикр намуд, ки бо вуҷуди таъсири бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ, соли 2009 ҳаҷми маҳсулоти умумии вилоят 106,8 фоизро ташкил дод, Нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноат 104, 8 фоиз иҷро шуд. Соли гузашта аз 243 корхонаи саноатӣ 153 корхона истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд ва 15 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун кор накарданд. Ҳаҷми умумии фондҳои истифодашудаи асосӣ дар вилоят зиёда аз 180 миллион сомониро ташкил дод. Дар вилоят соли гузашта 135 корхонаи нав бунёд карда шуд. Нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,4 фоиз иҷро шуд. Соли 2009 дар вилоят дар масоҳати 2015 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,5 баробар зиёд мебошад, гуфт Ш.Самадов.                   Бо вуҷуди барзиёд иҷро шудани нақшаи даромади буҷет баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ ва ғайра нақшаи пардохтҳои ҳатмиро иҷро карда натавонистанд.                  Раиси вилоят Қ. Расулзода зикр намуд, ки айни ҳол 117 ҳазор оила ба беҳтар намудани шароити манзил зарурат дорад, вале раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ҷои мувофиқи нақшаи генералии маҳал ба эҳтиёҷмандон додани қитъаҳои замин ҳатто замини обиро ғайриқонунӣ тақсим карда ё фурӯхтаанд.                   Дар маҷлис муовини аввали Сарвазир Асадулло Ғуломов сухан кард. Вай изҳор намуд, ки маблағи қарзи вилоят аз ҳисоби пардохти андоз то 1 январи соли 2010 – ум 126 миллион сомонӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – ум 27, 4 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи қарзи қвваи барқи истифодашуда дар вилоят 133,2 миллион сомонӣ ва маблағи қарзи гази табиии истифодашуда низ хеле калон аст.                   Соли гузашта дар вилоят масоҳати 7212 гектар замин кишт карда нашуд, бештар 6 ҳазор гектари он замини обӣ мебошад.                    Ба қавли А.Ғуломов пахши барномаҳои телевизиони марказӣ дар ҳудуди вилоят ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Масалан, барномаҳои шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ дар 72,6 фоизи ҳудуди вилоят, барномаҳои телевизиони «Сафина» дар 75,2 фоиз ва барномаҳои телевизиони «Баҳористон» дар 69,9 фоизи ҳудуди вилоят пахш карда мешаванд. Дар баъзе ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла, Спитамен, Исфара, Зафаробод ва ғайра аз 2 то 13 канали радио ва телевизиони мамлакатҳои ҳамсоя пахш карда ва намоиш дода мешаванд.                   А.Ғуломов инчунин ба проблемаи худкушии одамон дар вилояти Суғд дахл намуд. Қайд карда шуд, ки соли 2009 дар вилоят 172 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Конибодом 23 ҳодисаи худкушӣ, дар Панҷакент 25 ҳодисаи худкушӣ ва дар шаҳри Исфара 32 ҳодисаи худкушӣ ба кайд гирифта шудааст. Ин шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти кумитаҳои вилоятии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва занон ва оилаи вилоят суст мебошад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис ташаббуси Сардори давлатро дар бобати тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуданд.

Январь 18, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд