ЧАРО ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КАМ ГАРДИД?
Душанбе, 27 января. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 27 январи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки хабарнигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамраалиев оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2009 маълумот дода, иброз дошт, ки дар давоми соли 2009 корхонаҳои соҳаҳои индустриалӣ ба маблағи 6262 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,7 фоиз таъмин гаштааст. Дар соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе нишондиҳандаҳои КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» 4013,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2008 95,4 фоиз истеҳсол шудааст. Нисбат ба соли 2008 — ум ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи металлургия 7,7 фоиз, кимиё ва нафту кимиё 52,7 фоиз, саноати озуқаворӣ 8,5 фоиз, саноати сабук 9,4 фоиз ва сохаи энергетика 2,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Ф. Ҳамраалиев иттилоъ дод, ки камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» 224,4 миллион сомонӣ, ШСХК «Барқи тоҷик» 32,9 миллион сомонӣ, КМ «Тоҷик Азот» 44,1 миллион сомонӣ, корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ 106,2 миллион сомонӣ ва соҳаи пахтатозакунӣ 71,1 миллион сомонӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ҳолати якуми декабри соли 2009 аз 824 корхонаи саноатӣ, 258 корхона суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро коҳиш доданд ва 92 корхона умуман фаъолият накарданд. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 фоиз афзоиш ёфта, 20 миллиарду 622,8 миллион сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2008 ба маблағи 332 сомонӣ афзоиш ёфта, 2759,3 сомониро ташкил дод.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






