ДАР ДУШАНБЕ ГУЗАРГОҲҲОИ РӮИЗАМИНӢ СОХТА МЕШАВАНД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аксари давлатҳои дар ҳолати рушд қарордошта, ки нақлиёти автомобилӣ асоси хизматрасонии коммуналиро ташкил медиҳад, барои бехатарии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳо аз роҳҳои дигар кор мегиранд,- иброз дошт директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов. Гузаргоҳҳои рӯизаминӣ дар шакли кӯпрукҳо сохта мешаванд. Ин аст, ки истифодаи чунин гузаргоҳҳо дар ҷойҳои серодами пойтахт танҳо ба манфиати бехатарӣ рӯи нақшаи ҳукумати шаҳр қарор дорад, ки он барои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми убури роҳ дар ҷойҳои нақлиёташон зиёд мусоидат хоҳад кард. Баробари ин, барои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди мағозаи Китоб, собиқ «Олами кӯдакон», меҳмонхонаи «Пойтахт» ва бозори «Султони кабир» Ҳукумати шаҳри Душанбе тендер эълон кардааст, — афзуд А. Комилов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






