ДАР ГАИТИ БОЗ ЗАМИН ҶУНБИД

Январь 25, 2010 11:12

                  Порто — Пренса, 25 январ. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Дирӯз дар Гаити боз замин сахт ҷунбид. Қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 5,5 балл мерасид. Аз рӯи маълумоти Раёсати геологии ИМА, маркази зилзила дар масофаи 41 километрии самти ғарбии пойтахти мамлакат воқеъ буд.                     Тавре хабар дода шуда буд, пойтахти Гаити дар натиҷаи зилзилаи шадиди 13 январ баамаломада қариб тамоман харобу валангор гардидааст.                     Ҳукумати мамлакат 25 январ дар бораи теъдоди ҳалокшудагон хабари нав чоп кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки то имрӯз дар шаҳри Порто — Пренса ва маҳалҳои атрофи он зиёда аз 150 ҳазор нафар дар қабристонҳои умумӣ дафн карда шуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки дар зери харобаҳои биноҳо чанд нафари дигар боқӣ мондааст. Наҷотдиҳандагон дигар ба зинда мондани онҳо боварӣ надоранд.                      Мақомоти дахлдори Гаити зикр менамоянд, ки шумораи қурбониёни зилзила ба 200 ва ҳатто 300 ҳазор нафар расида метавонад.                       Ёдовар мешавем, ки 13 январи соли 2010 дар Гаити замин бо қувваи 7 балл ҷунбида буд. Дар натиҷаи ин фалокат тамоми биноҳои пойтахти мамлакат қариб тамоман хароб гардид. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, 250 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда, қариб 1 миллион нафари дигар бесарпаноҳ мондааст.

Январь 25, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд