ДАР ГАИТИ БОЗ ЗАМИН ҶУНБИД
Порто — Пренса, 25 январ. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Дирӯз дар Гаити боз замин сахт ҷунбид. Қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 5,5 балл мерасид. Аз рӯи маълумоти Раёсати геологии ИМА, маркази зилзила дар масофаи 41 километрии самти ғарбии пойтахти мамлакат воқеъ буд. Тавре хабар дода шуда буд, пойтахти Гаити дар натиҷаи зилзилаи шадиди 13 январ баамаломада қариб тамоман харобу валангор гардидааст. Ҳукумати мамлакат 25 январ дар бораи теъдоди ҳалокшудагон хабари нав чоп кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки то имрӯз дар шаҳри Порто — Пренса ва маҳалҳои атрофи он зиёда аз 150 ҳазор нафар дар қабристонҳои умумӣ дафн карда шуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки дар зери харобаҳои биноҳо чанд нафари дигар боқӣ мондааст. Наҷотдиҳандагон дигар ба зинда мондани онҳо боварӣ надоранд. Мақомоти дахлдори Гаити зикр менамоянд, ки шумораи қурбониёни зилзила ба 200 ва ҳатто 300 ҳазор нафар расида метавонад. Ёдовар мешавем, ки 13 январи соли 2010 дар Гаити замин бо қувваи 7 балл ҷунбида буд. Дар натиҷаи ин фалокат тамоми биноҳои пойтахти мамлакат қариб тамоман хароб гардид. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, 250 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда, қариб 1 миллион нафари дигар бесарпаноҳ мондааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






