ДАР ХАТЛОН РОҲИ ОҲАН САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМЕШАВАД
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2009 ҳаҷми боркашонии нақлиёти роҳи оҳан нисбат ба соли 2008 34,9 ҳазор тонна зиёд шуда, 13305,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Бо иттилои ҳамин манбаъ, ҳаҷми боркашонӣ дар қитъаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар давоми 11 моҳи соли 2009 чунин арзёбӣ шудааст: — дар ин муддат тавассути қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд 9901,7 ҳазор тонна ё 74,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ иҷро шуда бошад, тавассути қитъаи роҳи оҳани Душанбе (якҷоя бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) – 2774,7 ҳазор тонна ё ба андозаи 20,9 фоиз ва дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон – 629,3 ҳазор тонна ё 4,7 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ иҷро гардидааст, ки он аз натиҷаи самаранок истифода нашудани роҳи оҳан дар ин минтақаи ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад,- иброз доштанд дар шӯъбаи ҳамлу нақли боркашонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






