ДАР РОҒУН НУҚТАИ ШИКАСТАБАНДӢ ВА ОСЕБШИНОСӢ ИФТИТОҲ МЕЁБАД

Январь 27, 2010 13:43

                  Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Вохўрии мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат бо сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо роҳбарии мудири шўъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева ва муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов сурат гирифт.                     Тавре роҳбари маркази матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ Фотима Ғоибова ба мухбири АМИТ «Ховар иттилоъ дод, кор дар иншооти муҳими аср НБО Роғун бо тамоми ҷидду ҷаҳд, бо ифтихори баланди ватандориву нерӯи созанда идома дорад. Ва ин коргоҳи бузург аз ҷониби кулли шаҳрвандони Тоҷикистон дастгирӣ ёфта истодааст. Аз ҷониби роҳбарону масъулони соҳаи тандурустии кишвар баҳри ҳифзи сиҳатии коргарон тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ҳар як нафаре, ки ин ҷо фаъолият мекунад, фарогири хизматрасонии босамари тиббӣ бошад.                      Дар маркази саломатии корхонаи «Роғунгэсстрой», ки дар яке аз биноҳои навсохти ин минтақа ҷойгир шудааст, тамоми шароит барои хизматрасонии тиббӣ муҳайёст. Чанде қабл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ беш аз 110 номгўи доруворӣ ва дар давоми соли 2009 бошад, тавассути ташкилотҳои ёрирасон ба маблағи беш аз 224 миллион сомонӣ доруворӣ ба коргарон равон карда шуд. Имрўз меҳнаткашони ин коргоҳ аз нарасидани доруворӣ танқисӣ намекашанд.                      Зимни боздид аз нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ маълум гашт, ки дар корхонаҳои «Гидромонтаж» ва «Роғунгэсстрой» шароитҳои хуби маишӣ фароҳам оварда шудааст. Бахусус шароити тиббиву санитарии ошхонаву хобгоҳҳо хеле хуб аст.                         То имрўз аз тарафи Вазорати тандурустӣ барои дастгирии беморхона ва бунгоҳҳои тиббии Роғун таҷҳизоти зарурӣ фиристода шуд ва дар кўтоҳтарин муддат дар беморхонаи шаҳри Роғун нуқтаи шикастабандӣ ва таъмини хун ба кор шурўъ мекунад. Ҳамчунин шўъбаи осебшиносӣ дар рўзҳои наздик омодаи хизматрасонӣ хоҳад буд. 

Январь 27, 2010 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад