ДАР САРОСАРИ ТОҶИКИСТОН БАРФ МЕБОРАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳавосанҷҳои мамлакат тамоми вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳоро огоҳ карданд, ки дар Тоҷикистон тӯли рӯзҳои оянда барфи зиёд меборад. Муовини сардори Хадамоти ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Анвар Ҳамидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳавосанҷҳо ҳар сол дар мавриди боридани барфи зиёд корхонаю ташкилотҳоро сари вақт огоҳ мекунанд. Вай зикр намуд, ки аз субҳи имрӯз сар карда, дар тамоми қаламрави мамлакат барф борида истодааст. Бориши барф то субҳи 29 январ давом мекунад. Ин ба дохил гардидани мавҷи ҳавои сард ба фазои Тоҷикистон аз самти ғарб, яъне аз ҷониби қаторкӯҳҳои Урал вобаста мебошад. А.Ҳамидов афзуд, ки бориши барф дуру дароз давом намекунад. Шаби 29 январ ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа хунук шуда, баъд рӯзона тадриҷан гарм мешавад. Рӯзҳои минбаъда боридани барфи зиёд пешбинӣ карда намешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






