ДАР САРОСАРИ ТОҶИКИСТОН БАРФ МЕБОРАД

Январь 28, 2010 15:27

                   Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳавосанҷҳои мамлакат тамоми вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳоро огоҳ карданд, ки дар Тоҷикистон тӯли рӯзҳои оянда барфи зиёд меборад. Муовини сардори Хадамоти ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Анвар Ҳамидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳавосанҷҳо ҳар сол дар мавриди боридани барфи зиёд корхонаю ташкилотҳоро сари вақт огоҳ мекунанд. Вай зикр намуд, ки аз субҳи имрӯз сар карда, дар тамоми қаламрави мамлакат барф борида истодааст. Бориши барф то субҳи 29 январ давом мекунад. Ин ба дохил гардидани мавҷи ҳавои сард ба фазои Тоҷикистон аз самти ғарб, яъне аз ҷониби қаторкӯҳҳои Урал вобаста мебошад.                     А.Ҳамидов афзуд, ки бориши барф дуру дароз давом намекунад. Шаби 29 январ ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа хунук шуда, баъд рӯзона тадриҷан гарм мешавад. Рӯзҳои минбаъда боридани барфи зиёд пешбинӣ карда намешавад. 

Январь 28, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад