ДАР СОЛИ 2009 — 11 000 ТУРИСТ АЗ ТОҶИКИСТОН ДИДАН КАРДААСТ

Январь 14, 2010 12:44

                Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Солҳои охир соҳаи туризми Тоҷикистон дар чорабиниҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат варзида истодааст.                   Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар давраи соли 2009 Кумита тадбирҳои мақсаднокро баҳри беҳтар сохтани фазои ҳуқуқии фаъолият ва мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм равона намудааст.                   Аз маълумотҳои омории мақомоти ҳифзи сарҳадот бармеояд, ки дар нӯҳмоҳаи ҳисоботӣ ба кишвар 269 000 шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштааст. Аз ҳисоби зикршуда 145 000 онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 67 000 транзитӣ, 28 000 хизматӣ ва 11 000 нафар ҳамчун турист ба мамлакати мо сафар кардаанд.                    Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҳайси турист ҷумҳурии моро бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Россия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони 60 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намудаанд.  

Январь 14, 2010 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид