ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ДУ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Январь 18, 2010 16:48

                 Душанбе, 18 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 18 январ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллое баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.                   Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова ва Абдураҳмон Азимов зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфтанд, ки баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон баргузор мегардад, аҳамияти муҳим дошта, бояд ҳар як фарди ҷомеа бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдоштаи худ саҳми муносиб гузорад.                   Аъзо Шӯро ҳамчунин Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.                     Зикр шуд, ки таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти миллӣ, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.  

Январь 18, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд