ДАРАХТОНИ ПАКАНАИ ЛАҲИСТОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Хуҷанд, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова. – Муовини сардори раёсати умумии кишоварзии вилояти Суғд Рустам Раҳимов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ аз Ҷумҳурии Лаҳистон зиёда аз 2200 бех ниҳоли дарахтони паканаи мевадиҳанда харида, ба вилоят оварда шуд. Алҳол ин ниҳолҳо дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом парвариш карда мешаванд. Фасли тобистон онҳоро бо дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ пайванд хоҳанд кард, гуфт Р.Раҳимов. Дар шароити иқлими вилояти Суғд дар масоҳати як гектар ба ҳисоби миёна 157 дарахти мевадиҳанда парвариш карда, аз он 4 тонна ҳосил гирифта мешавад. Дар ин маврид то 30 фоизи ҳосили дарахтон талаф меёбад. Ба қавли Р.Раҳимов, дар масоҳати як гектар замин то 1000 бех ниҳоли дарахтони паканаи лаҳистониро шинонидан мумкин аст. Дарахтони пакана ба вазъи номусоиди ҳаво ва касалиҳои гуногун тобовар мебошанд. Онҳо дар сардии то 50 дараҷа ва дар гармои то 50 дараҷа ба хубӣ нашъу нумӯъ меёбанд. Аз як гектар боғи дарахтони пакана то 40 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Соли равон дар вилояти Суғд бояд дар масоҳати 5440 гектар боғҳои нав бунёд карда шаванд. Барои ин боғҳо аллакай 1,2 миллион бех ниҳол тайёр карда шуд. Р.Раҳимов афзуд, ки соли 2009 аз вилояти Суғд ба мамлакатҳои дигар 88 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 82,7 ҳазор тонна меваи хушк фиристода шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






