ДАРАИ ЗЕБОМАНЗАРИ ВАРЗОБ БОЗ ҲАМ ЗЕБОТАР МЕШАВАД
Варзоб, 14 январ. (АМИТ «ХОВАР» Ҳотам Рабиев).- Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Неъматулло Сафаров муовини аввали Раиси ноҳия ва Шамъигул Раҷабова муовини раис дар бораи вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоӣ, иқтисодии ноҳия маълумот доданд. Боиси хурсандист, ки симои ноҳияи Варзоб сол то сол беҳтар гардида, ба талаботи давру замон ҷавобгӯй мегардад. Масалан, дар соли сипаригардида биноҳои комиссариати ҳарбӣ, идораи сӯхторхомушкунӣ, ду адад неругоҳҳои барқии обӣ, бозори нав дар маркази ноҳия, мактабҳои нав дар деҳаҳои Фонфароқ ва Новакандоз, 8 синфхонаи иловагӣ барои мактаби рақами 40 ва бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ сохта ба истифода дода шуд. Алҳол сохтмони беморхонаи марказӣ, бинои мактаби рақами 11 дар деҳаи Зуманд ва мактаби рақами 19 дар деҳаи Гароби ҷамоати деҳоти Деҳмалик идома дорад. Сохтмони биноҳои маъмурӣ истироҳатгоҳҳои сершумор дар соҳили дарёи Варзоб ба ҳусни рӯзафзуни ин дараи зебоманзар ҳусни тоза зам менамояд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳияи Варзоб дар баробари иҷрои корҳои рӯзмара боҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ баҳри бунёди ҳарчи зудтари Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла то имрӯз ба маблағи 1 млн.500 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин иншооти бузурги асрро харидорӣ карданд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷавобҳои мушшаххас дарёфт карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






