ДАРВОЗ БА МАБЛАҒИ 1. 440. 000 СОМОНӢ САҲМИЯИ РОҒУНРО ХАРИД

Январь 28, 2010 16:52

                    Дарвоз, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Л.Додо)- Тавре ба АМИТ « Ховар» аз ноҳияи Дарвоз хабар доданд, саҳми сокинони ин ноҳияи вилоят дар харидорӣ намудани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ назаррас аст. Тавре иттилоъ гирифтем, нуқтаҳои фӯруши саҳмияҳои Роғун ҳамеша серодаманд. Одамони касбу кори гуногун баҳри саҳмгузорӣ намудан дар бунёди ин иншооти бузурги кишвар ҳар рӯз ба маблағи муайян ин нерӯгоҳро харидорӣ мекунанд. Зеро ҳамагон хуб дарк мекунанд, ки бе бунёди ин сохтмони азим рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аз имкон берун аст.То рӯзи 27 январ ба маблағи 1млн.440 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун харидорӣ карда шуд.

Январь 28, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд