ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР СОЛИ 2009

Январь 14, 2010 11:49

                  Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 13 январ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои соли 2009 сухан ронд. Вай зикр намуд, ки соли гузашта чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ дар хориҷи кишвар мусобиқаҳои сершумори варзишӣ гузаронида шуданд. Ғалабаи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ба тамошобинон таассуроти калон бахшиданд.                      Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик Эраҷ Раҳимов дар намуди гӯштини самбо, Далер Сайфиддинов дар намуди таэквондо, Дилшод Назаров ва Сӯҳроб Хоҷаев дар намуди гурзпартоӣ, Набимуҳаммад Хоркашев дар намуди гӯштини самбо, Парвиз Собиров дар намуди гӯштини дзюдо ва дигарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ширкат варзида, медалҳои тилло ба даст оварданд.                     Соли 2009 дар Тоҷикистон 91 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд. Варзишгарони тоҷик дар 61 мусобиқаи байналхалқӣ, аз ҷумла дар 27 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ширкат варзиданд.                        Соли 2009 нисбат ба соли 2008 дар дохили мамлакат 9 мусобиқаи варзишӣ камтар гузаронида шуд. Вале варзишгарони мо бештар дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намуданд. Соли гузашта 694 варзишгари тоҷик, аз ҷумла 90 нафар зан дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок доштанд. Ин аз соли 2008 – ум 150 нафар зиёд мебошад, гуфт М.Неъматов. Яке аз воқеаҳои муҳимтарини варзишии оммавии соли 2009 Рӯзи пойгаи миллӣ буд, ки дар он 201 ҳазору 275 нафар иштирок дошт.                        Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаҳои қаҳрамонии байналхалқӣ, ҷаҳон ва Осиё 280 медал, аз ҷумла 61 медали тилло, 84 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ ба даст оварданд.                        Ин дар давоми 4 соли охир натиҷаи беҳтарин мебошад. Варзишгарони мо соли 2010 бояд шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон, бозиҳои олимпӣ ва ғайра ҳимоя намоянд. Онҳо имсол дар бозиҳои 21 – уми зимистонаи олимпӣ дар Канада, Бозиҳои дуюми мамлакатҳои исломӣ дар Эрон, мусобиқаи нахустини наврасон дар Сингапур ва бозиҳои навбатии мамлакатҳои Осиё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок хоҳанд кард, гуфт дар хотима Маликшо Неъматов.

Январь 14, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд