ДАЪВАТИ РАСОНДАНИ КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зилзилаи 2 январ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ рухдода ба ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ва гуманитарӣ муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки ба зарардидагон то ҳадди имкон кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дар муроҷиатномаи вазорат дар бораи вазъияти ноҳияи Ванҷ баъди фалокат маълумоти муфассал дода мешавад. Аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки ҳукумати мамлакат барои расондани кӯмак ба аҳолӣ, барқарор сохтани биноҳои харобгардида, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо вуҷуди ин расондани кӯмак ба зарардидагон вобаста ба дури роҳ ва ҳавои сарди зимистон ниҳоят душвор гардидааст. Дар маҳалли фалокат масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳои оҳану бетон, сӯзишворӣ, маводи озуқа, дору, печка ва генераторҳои барқӣ намерасанд. Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ низ мамлакатҳои минтақаро даъват намуд, ки ба зарардидагон кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дар муроҷиатномаи ВКХ Тоҷикистон ба созмонҳои байналхалқии гуманитарӣ изҳори сипос карда мешаванд, ки аз рӯзҳои аввал сар карда, барои аҳолии зарардидаи ноҳияи Ванҷ асбобу анҷоми заруртарини рӯзгор ва маводи озуқа ҷудо карданд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъияти ба амаломада ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавии гуманитариро даъват менамояд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда ба зарардидагони зилзила кӯмак расонанд. Барои расондани кӯмак ба зарардидагон дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисобҳои махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






