ДЭТ БА МАБЛАҒИ 200 ҲАЗОР СОМОНӢ САҲМИЯ ХАРИД

Январь 21, 2010 11:02

                  Хатлон, 21 январ.(АМИТ "Ховар",Юсуфбек Беков).- 20 январ дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон Ҷалилов Рустам Абдураҳмонович сухан намуд, ки дар донишкада аз тарафи 61 нафар омӯзгорон 49 нафар омӯзгори штатӣ ва 12 нафар ҳамкор, аз он ҷумла 1 дотсент ва 7 номзадони илм дар 3 кафедра аз рӯи 7 ихтисос ба роҳ монда, дар 20 синфхона 15 омӯзишгоҳҳо ва 3 синфхонаи компютерӣ, ки дар 3 бинои таълимӣ чойгир гаштаанд ба роҳ монда шудаанд.                   Аз рӯи натиҷаҳои имтихонҳои қабул барои соли таҳсил 2009 -2010 130 нафар донишҷуён ба гурӯҳои буҷавии рӯзона, 140 нафар донишҷуён ба гурӯҳои шартномавии рӯзона ва 61 нафар донишҷӯён ба гурӯҳои шартномавии ғоибона қабул карда шуда, дар соли 2009 дар ДЭТ 1264 нафар донишчӯён аз он ҷумла 892 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва 372 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи " Электроэнергетикӣ" ба таъсил фаро гирифта шуда будаанд.                    Муроҷиатномаи Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии сохтмони НБО "Рогун" аз тарафи тамоми кормандон ва донишчӯён пурра дастгирӣ карда шуда, донишкада ба нақша гирифтааст, ки ба маблағи 245 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ менамояд. То имрӯз аз тарафи кормандон ва донишҷӯён ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ карда шуд.                       Роҳбарият ва устодони донишкада нисбати пешрафти раванди таълим ва тарбия саъю кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки донишкада барои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ кадрҳои баландихтисос ва лаёқадманди ба талаботи замона мувофиқро тайёр намояд.

Январь 21, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад