ДОНИШҶӮЁН ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» КОР МЕКУНАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Омӯзгорону донишҷӯён ва аспирантҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 6 январ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро хариданд. Раиси донишгоҳ Мӯъминҷон Шарифов саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ харид. Роҳбарони факултаҳо ва профессорҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари донишгоҳ саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ хариданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки масъалаи расонидани кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳ 25 декабри соли 2009 дар маҷлиси умумии донишгоҳ муҳокима карда шуд. Ҳамон вақт музди кори якрӯзаи кормандони донишгоҳ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронида шуд. Инчунин қарор дода шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ дастаи махсуси бинокорон ташкид карда шавад. Онҳо дар таътили тобистона бевосита дар сохтмони нерӯгоҳ ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






