ДОНИШҶӮЁН ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» КОР МЕКУНАНД

Январь 7, 2010 13:27

                   Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Омӯзгорону донишҷӯён ва аспирантҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 6 январ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро хариданд. Раиси донишгоҳ Мӯъминҷон Шарифов саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ харид. Роҳбарони факултаҳо ва профессорҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари донишгоҳ саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ хариданд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки масъалаи расонидани кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳ 25 декабри соли 2009 дар маҷлиси умумии донишгоҳ муҳокима карда шуд. Ҳамон вақт музди кори якрӯзаи кормандони донишгоҳ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронида шуд.                       Инчунин қарор дода шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ дастаи махсуси бинокорон ташкид карда шавад. Онҳо дар таътили тобистона бевосита дар сохтмони нерӯгоҳ ширкат хоҳанд кард.

Январь 7, 2010 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид