ДОНИШҶӮЁНИ ХУҶАНДӢ ФАЪОЛОНА САҲМИЯ МЕХАРАНД

Январь 11, 2010 12:01

                 Суғд, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати саҳмгирӣ дар бунёди НБО–и Роғун аз ҷониби ҷомеаи меҳнатӣ ва мухассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.                  Аҳли меҳнати донишгоҳ қатори аввалинҳо ҳануз 2–ноябри соли 2009 дар ҷаласаи гайринавбатии Шӯрои олимон масъалаи саҳмгирӣ дар бунёди НБО–и Роғунро мавриди баррасӣ қарор дода, ба суратҳисоби сохтмони муҳими аср 20000 сомонӣ музди меҳнати якрӯзаашонро интиқол дода буданд.                   Дар ҷавоби муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки рӯзи 5 – уми январ аз тарики телевизион садо дод, имрӯз ҷомеаи меҳнатӣ ва мухассилин таҳти роҳбарии ректори донишгох, доктори илмҳои таърих, профессор Каримов О.К. дар хариди саҳмияҳои НБО –и Роғун муташаккилӣ зоҳир мекунанд. Дар ин бобат дар донишгоҳ ташаббусу иқдомҳои шоиста рӯи кор меоянд, ҳамагон бо дарки муҳимияти саҳмгирӣ дар ин кори нек бо амри дилу виҷдон дар хариди саҳмия иштирок мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки худи сарвари донишгоҳ Осимҷон Каримов дар ин маърака пешсафи зоҳир намуда, ба маблаги 50.000 сомонӣ аз саҳмияҳои иншооти муҳими аср харидорӣ намуд. Маблағи саҳмияҳои харидаи мухассили факултаи Технологияи компютерӣ ва ҳисобгирӣ Наибулло Неъматов бошад, 11.000 сомониро ташкил дод.                    Рӯзи 8 – уми январ устодону мухассилини донишгоҳ ба таври оммавӣ ба нуқтаи фурӯши саҳмияҳо – Кохи ба номи А. Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҳозир шуда, дар ин кори наҷиб ҳар кадом ба қадри ҳиммату қудрат саҳм гирифтанд . Имрӯз маблағи саҳмияҳои харидаи аҳли донишгоҳ як миллион сомонӣ гузаштааст. Ҷомеаи устодону мухассилини донишгоҳ ният доранд, ки рӯзҳои наздик маблағи умумии хариди саҳмияҳоро боз ҳам афзун намоянд.

Январь 11, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст